Феврал 09, 2020 14:22 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати Эрон бо Иттиҳодияи АвруОсиё аз як миллиард доллар гузашт

Мудири кулли умури байналмиллали гумруки Эрон эълом кард, аз замони иҷрои тавофуқномаи тиҷорати тарҷеҳии Эрон ва Иттиҳодияи АвруОсиё дар 27 октябри 2019 то кунун, ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ бо ин иттиҳодия аз марзи як миллиард доллар гузаштааст.

Ба нақл аз ИРНО, Ҳусайни Кохкӣ мудири кулли умури байналмиллали гумруки Эрон рӯзи якшанбе дар ҳамоиши содирот, транзит ва АвруОсиё дар Теҳрон бо баёни ин ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ояндаи равшане дорад гуфт, бархе кишварҳо монанди Ҳинд музокиротеро барои пайвастан ба ин иттиҳодия оғоз кардаанд.

Мувофиқатномаи тиҷорати тарҷеҳии Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз 27 октябри 2019 иҷроӣ шуд.

Ин мавофиқатнома шомили 862 қалам коло мешавад, ки 360 қалам колоҳои эътоии Эрон ба АвруОсиё ва 502 қалам ҳам колоҳои эътоии АвруОсиё ба Эрон аст.

Ҳамакнун панҷ кишвари Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳастанд.

Барчасп