Феврал 10, 2020 15:22 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси Ситоди кулли нируҳои мусаллаҳи Эрон бар идомаи раванди қудратафзоии дифоъӣ дар баробари душман

Сардор, сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ- раиси Ситоди кулли нируҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме ба муносибати фаро расидани чиҳилу якумин солгарди пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломӣ , бар идомаи раванди қудратафзоии дифоъӣ дар баробари душман таъкид кард.

Дар ин паём бо таъкид бар ин ки нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳатто барои лаҳзае иҷозат нахоҳанд дод душманон ба оромиши беназири ҷомеа ва амнияти пойдору устувори Эрон халал ворид кунанд, тасреҳ шудааст : "Нируҳои мусаллаҳи Эрон бозӯвони пуртавон ва қудратманди дифоъӣ ва амниятсози инқилоб ва меҳани исломӣ ҳастанд."

 Қудрати дифоъӣ ба унвони яке аз ниёзҳои ҳифзи амният аз аҳамияти роҳбурдӣ бархурдор аст. Бар ҳамин асос Ҷумҳурии исломии Эрон ин аслро дар доктринаи низомии худ мавриди таваҷҷуҳ ва эҳтимоми вежа қарор додааст.

  Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ,раҳбари инқилоб ва фармондеҳи муаззами кулли қувваҳои Эрон ,дар дидори ахири фармондеҳон ва коркунони нируи ҳавоӣ ва нируи дифоъи зиддиҳавоии артиши Эрон бо таъкид бар лузуми қавӣ шудани Эрон дар ҳама ҷиҳатҳо ба вежа дар заминаи дифоъӣ гуфтанд : Барои он ки ҷанг нашавад ва таҳдид тамом шавад, бояд қавӣ шуд.

  Раҳбари муаззами инқилоб бо баёни ин ки заиф будан, душманро ташвиқ ба иқдом хоҳад кард, афзуданд: Мо ба думболи таҳдиди ҳеҷ кишвар ва миллате нестем, балки ба думболи ҳифзи амнияти кишвари худ ва ҷилавгирӣ аз таҳдид ҳастем.

  Нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бо пешрафтҳое, ки дар арсаҳои дифоъӣ ба даст овардаанд, мутобиқи арзёбиҳои ниҳодҳои мутолиотии низомӣ аз қудрати болое дар сатҳи боздорандагӣ бархурдоранд.

 Андешакадаи амрикоии «Муассисаи байналмиллалии мутолиоти стратегӣ» дар гузорише аз Эрон ба унвони кишваре ёд мекунад, ки бузургтарин ва гуногуннавътарин анбори мушакҳои балластикиро дар ихтиёр дорад.

Сарлашкар Амири Ҳотамӣ-вазири дифоъ ва пуштибонии нируҳои мусаллаҳи Эрон дар ин бора мегӯяд: "....То замоне, ки бархе бо забони таҳдид бо Эрон сухан мегӯянд, тақвияти бунёдҳои дифоъии Эрон бо қудрат идома хоҳад дошт."

  Қудрати дифоъии як кишвар аз ниёзҳои муқобила бо иқдомот ва таҳдидҳои низомии душманон аст.Аз ин ру ҳар гуна заъф дар қудрати сахтафзории низомӣ метавонад хисороти ҷуброннопазире ба дунбол дошта бошад.Бо таваҷҷуҳ ба ин заруратҳо ва ниёзҳои амниятӣ ва дифоъӣ, нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон барои муқобила бо таҳдидҳо, зарфиятҳои дифоъӣ ва боздорандагии низомии кишварро мутаносиб бо навъи таҳдид афзоиш додаанд.

Дар ҳамаи солҳои ҳаёти пурбаракати низоми Ҷумҳурии исломӣ иртиботи қавӣ ва якпорча байни артиш ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ вуҷуд доштааст ва натиҷаи ин пайванди мустаҳкам афзоиши қудрати дифоъии Эрон дар олитарин сатҳ аз боздорандагӣ ва тавони таҳоҷумӣ барои муқобила бо таҳдидҳо будааст. Дар ин росто яке аз бахшҳои муҳимми дифоъии Эрон бархурдорӣ аз тавони дифоъи мушакӣ аст, ки аз аҳамияти роҳбурдӣ ва стратегӣ дар баҳси боздорангӣ бархурдор аст.

  Абдулборӣ Атвон-таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд: "Трамп ба дунболи барҳам задани суботи Эрон аст ; Аммо Эрон кишваре қудратманд ва дорои тарҳи стратегӣ аст ва бо тавоноии низомӣ ва нируҳои мушакии худ метавонад контроли авзоъро ба даст гирифта ва тарафи муқобилро дар зудтарин фурсат таслим кунад. "

  Бадеҳӣ аст,ки сиёсати Ҷумҳури исломӣ дӯрӣ аз таниш ва ҷанг аст,аммо доктринаи дифоъии Эрон бар пояи боздорандагии муассир ва фаъол қарор дорад ва Эрон ҳар таҳдидеро ба сахттарин равиши мумкин посух хоҳад дод.

  Сардор, сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ- раиси ситоди кулли нируҳои мусаллаҳи Эрон бо таъкид бар ин мавзӯъ тасреҳ мекунад: "Бар асоси омӯзаҳои ислом ва ормонҳои Ҷумҳурии исломӣ қасди таҷовузу таҳоҷум ва ҳатто чашмдоште ба хоки ҳеҷ кишваре надорем; Чун дар роҳбурдҳои калони кишвари мо роҳбурди дифоъӣ ба маънии ин аст, ки аз истиқлол ва тамомияти сарзаминӣ ва манофеъи милли кишвар ва миллати Эрон дифоъ кунем, аммо ин ба маънои он нест, ки дар рӯйкардҳои сатҳи амалиётӣ ва токтикӣ сирфан дифоъӣ ва суст амал кунем. Бино бар ин дар ҳифзи манофеъи худамон мумкин аст рӯйкарди фаъол дошта бошем, то аҷнабиён бо мушоҳидаи осор ва нишонаҳои он, фикри таҷовуз ба манофеъи кишвармонро аз сар берун кунанд."

  Паёми сардор, сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ- раиси ситоди кулли нируҳои мусаллаҳи Эрон ба муносибати фаро расидани чиҳилу якумин солгарди пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломӣ низ таъкиди дубора бар ин нукта аст.