Феврал 11, 2020 17:14 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии миллионии миллати Эрон дар 22-юми баҳман

Роҳпаймоии азим ва миллионии миллати Эрон дар меодгоҳҳои роҳпаймоии 22-юми баҳман дар саросари  Эрони исломӣ баргузор шуд.

Роҳпаймоии солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон субҳи имрӯз ба таври ҳамзамон дар ҳазор шаҳру чаҳор ҳазору 200 рустои Эрон бо унвони "Инқилоби исломӣ зинда ва пӯё дар партави вилоятмадорӣ, ҷиҳод ва муқовимат" баргузор шуд. Эрониён бо бардоштани парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон шиорҳои "Марг бар Амрико!" ва "Марг бар Исроил!" сар медоданд.

Миллати Эрон бо ҳузури густарда дар ин роҳпаймоӣ як ‎бори дигар бо ормон‎ҳои ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори ҷумҳурии исломӣ ва ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таҷдиди аҳд карданд.

Шаш ҳазор хабарнигори эронию хориҷӣ маросими роҳпаймоии 22-юми баҳман ва барномаҳои Даҳаи фаҷри Инқилоби Исломиро дар саросари Эрон исломӣ пӯшиш доданд. Меҳмонони хориҷӣ аз шахсиятҳои сиёсӣ, мазҳабӣ, варзишӣ ва донишгоҳӣ аз кишварҳои мухталиф низ дар ин маросим ҳузур доштанд.