Феврал 13, 2020 11:50 Asia/Dushanbe
  • Пешрафти саноати фазоии Эрон ва фарофикании Амрико ва Фаронса

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, мавзӯи партоби моҳвора ва моҳворабар дар дунё рушан аст ва ҳеҷ иртиботе бо баҳси мушакӣ надорад.

Амир сартип Амири Ҳотамӣ рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба иддаои Амрико ва Фаронса мабнӣ бар ин ки партоби моҳвора аз сӯи Эрон хилофи тааҳудҳои байналмиллалии Эрон ва қатъномаи 2231 Шурои амнияти Созмони Миллал аст, тасреҳ кард, дар баҳси мушакӣ он чи манъ шуда пардохтан ба мушакҳои бо қобилияти ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ аст, ки Эрон чунин мушакҳое надорад.

Тавсеаи саноати фазоӣ дар Эрон масири ру ба пешрафте дорад ва яке аз саноатҳои пешрон ва кумак ба саноатҳои дигар аз ҷумла кишоварзӣ ва дарёӣ ба ҳисоб меояд. Саноати фазоӣ барои ҳар кишваре аз аҳамият бархурдор аст ва дар заминаҳои мухталиф корбурди ҳаётӣ дорад. Истифода аз моҳвораҳои бумӣ ва қарор гирифтани он дар мадори замин ба ҳар кишваре кумак мекунад бо иттилооти тасвирии мустақил аз буҳронҳои ояндаи огоҳ ва паёмадҳои онро мудирият кунад.

Иттилооти моҳвораӣ дар заминаи балоҳои табиӣ, обу ҳаво ва истифода дар заминаи киштиронӣ ва новбарӣ аз аҳамияти фаровоне бархурдор аст ва дар чунин шароите дастёбӣ ба дониши сохти моҳвора ва партоби он ба фазо беш аз пеш муваффақияте роҳбурдӣ аст.

Акнун инҳисори тавони сохт ва партоби моҳвора тавассути мутахассисони эронӣ шикаста шуда ва ҳамин масъала сабаб шудааст кишварҳое, ки муваффақиятҳои илмии Эронро барнаметобанд иддаоҳоеро матраҳ кунанд. Ин иддаоҳо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки мавзӯи партоби моҳвора комилан масъалае илмӣ ва дар хидмати пешрафт ва тавсеаи кишварҳост.

Дар ҳамин замина Аҳмади Ҳусайнӣ сухангӯи гуруҳи фазоии Созмони саноати ҳавопфазои Вазорати дифои Эрон ахиран дар бораи партоби моҳвораи Зафар бо мушаки моҳворабари Симурғ изҳор кард, мушаки моҳворабар, ҳадафҳои илмӣ ва маданӣ дорад ва набояд бо мушакҳои низомӣ муқоиса ва дар канори онҳо матраҳ шавад.

Фаолияти мушакии фазоӣ сарфасли наве барои тавсеаи илм дар ҳамаи кишварҳо аз ҷумла Эрон ба ҳисоб меояд ва фарофикании бархе кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Фаронса ва низ Амрико дар ин замина мухолифат бо пешрафти Эрон дар арсаҳои илмӣ маъно мешавад.

Мутахассисони Эрон бо такия бар дониши бумӣ дар арсаҳои мухталифи илмӣ аз ҷумла дар заминаи саноати фазоӣ инҳисори Ғарбро шикастанд ва имрӯз муаллифаи илмӣ яке аз муаллифаҳои муассири қудрати Эрон ба ҳисоб меояд.

Иқдомоти Эрон дар саноати фазоӣ комилан шинохташуда дар ҷаҳон аст. Акнун 22 сайти партоби моҳвора дар ҷаҳон вуҷуд дорад ва дар ҳамин чорчуб, пойгоҳи фазоии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) дар Симнон (шарқи Эрон) комилан дар ҷаҳон шинохташуда ва шиносномадор аст.

Дар чунин шароите мавзӯи моҳвора ва мушаки моҳворабар комилан масъалае илмӣ  ва сулҳомез аст ва иддаоҳои Фаронса ва Амрико дар ин замина сирфан ҷанбаи сиёсӣ дорад. Эрон бо қудрат дар арсаи илмӣ ба фаолиятҳои худ идома хоҳад дод ва сохти моҳвора ва партоби он бо мушаки моҳворабар ҳаққи мусаллами Эрон аст ва дар ин замина ҳеҷ манъе дар ҷаҳон вуҷуд надорад.

 

Барчасп