Пешниҳоди Эрон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи гӯсфанди кӯҳии Уриал
(last modified Sun, 16 Feb 2020 16:01:52 GMT )
Феврал 16, 2020 21:01 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Эрон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи гӯсфанди  кӯҳии Уриал

Ҷумҳурии исломии Эрон, Тоҷикистон ва Узбакистон пешниҳод додаанд, гӯсфанди кӯҳии Уриал дар феҳристи даҳгонаи ҳайвоноти дар хатари инқирози Созмони Милал ворид шавад.

Ба нақл аз ИРНА, Созмони Милал тасмими ниҳоии худро дар бораи пешниҳоди аз 17 то 22 феврали имсол, дар Конфронси ҳифзи муҳити зисти Созмони милали Муттаҳид дар шаҳри Гандинагари Ҳиндустон мегирад.

Гӯсфандҳои кӯҳии Уриал, ки дар Осиёи Миёна ба гӯсфандҳои бухороӣ маъруф ҳастанд, бештар дар нуқоти марзӣ дида мешаванд.

Уреал бузургтарин гӯсфанди Эрон аст. Нарҳо шохҳои баланде доранд. Шохҳояш ҳалазунишакланд ва ба тарафи паҳлӯи сурат ва рӯ ба пеш хамидагӣ доранд.

Дар асноди СММ омадааст, ки шумори ин ҳайвонҳо дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар маҳдудаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳазорон сар мерасид, аммо дар солҳои ахир ба маротиб кам шудааст.