Зариф: роҳи ҳалли масъалаи Фаластин, муқовимат ва муроҷеа ба овозҳои фаластиниён аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i50988
Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки тарҳи зиддифаластинии Муомилаи қарн ба натиҷа нахоҳад расид гуфт, роҳи ҳалли масъалаи Фаластин, мақовимат ва муроҷеаи ба овозҳои фаластиниён аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 18, 2020 14:37 Asia/Dushanbe
  • Зариф: роҳи ҳалли масъалаи Фаластин, муқовимат ва муроҷеа ба овозҳои фаластиниён аст

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки тарҳи зиддифаластинии Муомилаи қарн ба натиҷа нахоҳад расид гуфт, роҳи ҳалли масъалаи Фаластин, мақовимат ва муроҷеаи ба овозҳои фаластиниён аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири  умури хориҷаи Эрон  дар гуфтугӯ бо Дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ (KHAMENEI.IR), ки шомгоҳи душанбе мунташир шуд афзуд, имрӯз ҳамаи гуруҳҳои фаластинӣ яксадо бо Тарҳи муомилаи қарн мухолифат мекунанд ва ин ваҳдати дохили Фаластин бар пояи муқовимат  дар хунсо кардани сиёсатҳои саҳюнистҳо бисёр муҳим аст. Зариф ҳамчунин бо таъкид бар идомаи ҳимояти  Эрон аз мардуми мазлуми минтақаи Ғарби Осиё гуфт, Эрон ҳамвора дар канори муқовимати мардуми Фаластин ва дигар кишварҳои исломӣ аз ҷумла Лубнон ва Сурия буда, ки заминҳояшон тавассути режими саҳюнистӣ ишғол шудааст. Вазири умури хориҷаи Эрон аз сукути кишварҳои арабӣ дар баробари ҷиноятҳои саҳюнистҳо зиддифаластиниён низ интиқод кард ва афзуд, бархе кишварҳои арабӣ тайи солҳои гузашта, бо режими саҳюнистӣ ва Амрико на танҳо бархурди мунфаилона доштаанд, балки бо саҳюнистҳо алайҳи кишвари исломии Фаластин низ ҳампаймон шудаанд. Зариф бо баёни инки бархе кишварҳои арабӣ ба дунболи хариди амният аз Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳастанд тасреҳ кард, ин кишварҳо ба ҷои инки ба мардумашон ва ба ҳамсоягони мусулмонашон эътимод ва такия кунанд, ба дунболи хариди амният аз Амрико ҳастанд.