Феврал 21, 2020 09:50 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб раъйи худро ба сандуқ андохтанд+видео

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар нахустин дақоиқи оғози интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва миёндавраии Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар пойи сандуқи раъй ҳузур ёфтанд ва ба номзадҳои мавриди назари худ раъй доданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ҳузур дар шӯъбаи шумораи 110 раъйи худро барои ёздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва аввалин миёндавраии панҷумин давраи интихоботи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ба сандуқҳои раъй дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ(раҳ) андохтанд.

 

Барчасп