Раиси маҷлиси Эрон: Маҷлис рукни муҳими мардумсолории динӣ аст
(last modified Fri, 21 Feb 2020 10:41:50 GMT )
Феврал 21, 2020 15:41 Asia/Dushanbe
  • Раиси маҷлиси Эрон: Маҷлис рукни муҳими мардумсолории динӣ аст

Раиси маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳангоми раъй додан дар ёздаҳумин давраи интихоботи маҷлиси ин кишвар гуфт, маҷлис ба унвони яке аз аркони тасмимгирии низом ва рукни муҳими мардумсолории динӣ ҷойгоҳи муҳиме барои тасмимгирӣ аст.

Алии Лориҷонӣ рӯзи ҷумъа бо ширкат дар ёздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ, дар ҷамъи хабарнигорон бо табрики ин рӯзи сарнавиштсоз ба миллати Эрон гуфт, мардум бо ҳузур дар интихобот ду кори муҳими тақвияти созмони кишвар барои идораи беҳтари умур ва пуштибонии сиёсӣ ва амниятӣ аз кишварро анҷом медиҳанд.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон афзуд, дар рӯзҳои ахир он чӣ аз суйи мсуулони амрикоӣ ва расонаҳояшон такрор шуда, талош барои маъюс кардани мардум барои ширкат дар интихобот аст. Онҳо мехоҳанд аз ин зарфият истифода кунанд ва баъд фишорҳои худро алайҳи миллати Эрон густариш диҳанд.

Лориҷонӣ гуфт, вақте мизони мушорикати мардум афзоиш ёбад, ҳарифро пас мезанад ва тарафи муқобил маҷбур аст, ки ба ҳамон мизон аз хостаҳои худ сарфи назар кунад ва онро коҳиш диҳад.