Феврал 21, 2020 19:48 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагони вируси корона дар Эрон ба 4 нафар расид

Теъдоди афроди мубтало ба вируси “Ковид 19”, мавсум ба корона дар Эрон, дар маҷмуъ ба 18 нафар расид, ки аз ин теъдод 4 тан ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши ИРНА, Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази иттилоърасонии Вазорат беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, бар асоси охирин натоиҷи озмоишҳои анҷомшуда, ибтилои 13 мавриди ҷадид ба вируси корона то имрӯз (ҷумъа) қатъӣ шудааст.

Ҷаҳонпур афзуд, ҳамчунин ду бемори дигар аз афроди мубтало ба ин вирус ҷони худро аз даст доданд.

Бинобар эъломи Вазорати беҳдошти Эрон, пеш аз ин низ ду фарди мубтало ба корона бо таваҷҷуҳ ба куҳулати син ва заъфи эминии бадан, ҷони худро аз даст доданд.

Вируси корона, ки аз шаҳри Вуҳани Чин густариш ёфт, акнун илова бар ин кишвар, ба беш аз 25 кишвари дигар, аз ҷумла Амрико, Англия, Австралия, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Канада, Фаронса, Арабистон ва Иморот ҳам сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 76 ҳазор нафар дар Чин ба ин вирус мубтало шудаанд ва дастикам 2 ҳазору 200 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Комиссияи беҳдошти миллии Чин эълом кард, беш аз 18 ҳазор нафар то кунун дармон шудаанд.

 

 

 

Барчасп