Феврал 23, 2020 10:45 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз дурахшиши миллати Эрон дар интихобот

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо қадрдонӣ аз дурахшиши матлуби миллати Эрон дар имтиҳони бузурги интихобот ва ноком гузоштани фурсатталабӣ ва таблиғоти ҳамаҷонибаи душманон таъкид карданд, дар муқобили тавтеаи душман барои зарба задан ба рукнҳои мухталифи кишвар, ҳама бояд барои дифоъ ҳушёр ва омода бошанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз якшанбе дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳи худ бо ишора ба фазосозии манфӣ ва пурҳаҷми дастгоҳҳои таблиғотии бегона зидди ширкати мардум дар интихобот гуфтанд, ин таблиғоти манфӣ аз чанд моҳи пеш оғоз ва бо наздик шудан ба интихобот бештар шуд ва дар ду рӯзи охир низ ба баҳонаи як беморӣ  ва вирус, расонаҳои онҳо аз камтарин фурсат барои мунсариф кардани мардум аз ҳузур дар интихобот чашмпӯшӣ накарданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо шукри Худованди мутаол ва қадрдонии амиқ аз ҳузури густардаи мардум дар интихобот ба рағми ин таблиғоти муғризона афзуданд, Худованд ирода кардааст ин миллатро пирӯз кунад.

Ишон душмании душманон бо миллати Эронро маҳдуд ба арсаҳои иқтисод, фарҳанг ва боварҳои динӣ ва инқилобии мардум надонистанд ва гуфтанд, онҳо ҳатто бо интихоботи миллати Эрон низ мухолиф ҳастанд чаро, ки намехоҳанд падидаи ҳузури мардум ба номи дин дар пойи сандуқҳои раъй ва дар хидмати инқилоб, ба унвони як воқеият тасбит шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ баргузории интихобот дар низмои исломиро ботилкунандаи иддаои душманон дар бораи мухолифати дин бо озодӣ ва демокрасӣ хонданд ва афзуданд, интихобот дар ҷумҳурии исломӣ нишон медиҳад, ки дин мазҳари комили демокрасии ҳамаҷониба аст ва баргузории 37 интихобот дар 41 сол нишондиҳандаи эҳтимоми беназири низоми исломӣ ба мардумсолорӣ аст.

Раҳбари инқилоби исломӣ  бо даъвати ҳамагон ба шинохти душман ва ҳушёрӣ дар муқобили он таъкид карданд, дар муқобили фаолияти ҳазорон нафар аз ҷабҳаи душман алайҳи масоили гуногуни Эрон дар ҷабҳаи миллати Эрон бояд миллионҳо нафар омодаи дифоъ, зарба ва ҳамлаи мутақобил дар умури таблиғотӣ ва анвои корҳои мумкин барои миллат бошанд.

 

Барчасп