Феврал 23, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • 75 захмӣ дар заминларзаи шимоли ғарби Эрон

Заминларзаи 5, 7 рихтерӣ имрӯз дар устони Озарбойҷони ғарбии Эрон то кунун 75 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Заминларзаи 5, 7 рихтерӣ субҳи имрӯз (якшанбе), ҳаволии минтақаи Қатур дар шаҳристони Хуӣ дар устони Озарбойҷони ғарбии Эронро ларзонд.

Муҷтабо Холидӣ, сухангӯи Созмони уржонси Эрон гуфт: 13 пасларза низ пас аз ҳудуди се соат аз заминларза дар ин минтақа рӯй додааст.

Сухангӯи Созмони уржонси Эрон афзуд: Бо таваҷҷӯҳ ба арзёбиҳои анҷомшуда, бар асари ин заминларза, 25 русто аз 20 то 90 дарсад тахриб шудааст.

Ин заминларза дар манотиқи марзии Туркия бо Эрон низ шуморе кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.

 

Барчасп