Феврал 23, 2020 21:10 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони куштии озоди Осиё шуд

Тими куштии озоди Эрон бо касби 8 медал, ба унвони қаҳрамони рақобатҳои куштии бузургсолони Осиё даст ёфт.

33-юмин даври рақобатҳои куштии озоди бузургсолони қаҳрамонии Осиё рӯзҳои 22 ва 23 феврал дар шаҳри Деҳлии Нав, пойтахти Ҳиндустон баргузор шуд, ки дар поён тими Эрон бо 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ва касби 168 имтиёз қаҳрамони рақобатҳо шуд.

Пас аз Эрон, тимҳои Ҳиндустон ва Қазоқистон ба тартиб, бо 159 ва 146 имтиёз дуввум ва севвум шуданд.

 

Барчасп