Доруҳое, ки хатари коронавирусро афзоиш медиҳад
(last modified Mon, 24 Feb 2020 08:21:25 GMT )
Феврал 24, 2020 13:21 Asia/Dushanbe
  • Доруҳое, ки хатари коронавирусро афзоиш медиҳад

Як устоди Донишгоҳи улумпизишкӣ дар Эрон гуфт, мардум дар замони ибтило ба бемории сармохурдагӣ ва ё мушоҳидаи нишонаҳои он сӯзандоруҳои кортонӣ тарзриқ накунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, доктор сайид Ҳасани Инонлу афзуд, истифода аз доруҳои кортонӣ монанди Дегзаметазон (Dexamethasone) дар чунин шароите, ки коронавирус шуюъ ёфтааст, муҷиби заиф шудани эминии бадани шахси сармохурда мешавад.

Ин пизишки эрон дар хусуси риояти тавсияҳои лозим барои муроқибат аз ашхосе, ки бо нишонаҳои сармохурдагӣ дар хона нигаҳдорӣ мешаванд гуфт, дастмолҳо ва маскаҳои мавриди истифодаро дар қутиҳои партови дарбаста бигузоред ва ҳатталимкон бо чанд лоя онро бипушонед.