Феврал 24, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
  • Муваққатан баста шудани марзҳои Эрон аз сӯи кишварҳои ҳамсоя

Мусавӣ: масдуд шудани марзҳо бо Эрон аз сӯи кишварҳои ҳамсоя муваққат аст.

Ба гузориши Форс, сухангӯи вазорати хориҷа гуфт, масдуд шудани марзҳо бо Эрон аз сӯи кишварҳои ҳамсоя дар пайи густариши корнавирус иқдомоти пешгиронаи муваққат аст.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз (душанбе) дар гуфтугӯе дар бораи масдуд шудани марзҳо бо Эрон дар пайи  густариши корнавирус бо баёни инки Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ вазъияти изтирорӣ барои манотиқи мухталифи ҷаҳон эълом кард, унвон кард, бо таваҷҷуҳ ба ин қазия, табиӣ аст иқдомоте, ки бояд сурат бигирад ба сурати ҷамъӣ бояд анҷом шавад.

Вай афзуд, мавқеи, ки кишвари мо олуда нашуда буд нигарониҳое доштем ва баъд аз он ҳам вақте, ки вирус вориди кишвар мо шуд, кишварҳои ҳамсояи мо нигарониҳое доштанд ва ин қазия табиӣ аст, вале ин набояд монеи муровидоти мардумӣ ва ё ҳатто содирот ва воридот байни кишварҳо шавад.

Мусавӣ хотирнишон кард, вазорати умури хориҷа аз тариқи сафоратхонаҳоямон ройзаниҳоеро бо мақомоти кишварҳои ҳамсоя шурӯъ карда, ки ба онҳо итминон диҳанд, ки ҳеҷ гуна мавориди машкуке аз марзҳо убур нахоҳад кард. Аз ҷумла баҳсҳои гувоҳии сиҳат ва саломат ва баҳси колоҳо маддиназар аст, ки битавонем дар ин шароит бо кумаки ҳамдигар ва кишварҳои минтақа, зимни инки нигаронии ҳамдигарро рафъ кунем, муровидотро низ ба шакли матлубе идома диҳем.