Феврал 25, 2020 17:17 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Таҳрим бар иродаи сохти озодроҳи Теҳрон – Шимол таъсир надошт

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, таҳрим натавонист бар иродаи муҳандисон, коргарон ва мудирони эронӣ дар сохти озодроҳи Теҳрон –  Шимол таъсир бигузорад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар оини ифтитоҳи озодроҳи Теҳрон – Шимол афзуд, ин озодроҳи ҷадид яку ним соати масирро кӯтоҳ мекунад, ки дар зиндагии мардум ва сарфаҷӯӣ дар масрафи сӯхт бисёр ҳоизи аҳамият аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба осори ҳаводиси табиӣ, аз ҷумла селу зилзила дар соли гузашта гуфт, бояд осори ин ҳаводисро дар зиндагии мардум кам кард.

Рӯҳонӣ тасреҳ кард, мардуми Эрон бо вуҷуди ҳама мушкилот дар ҳама ҷо бо шаҳомат ба майдон омаданд ва дар баробари мушкилоту таҳримҳои золимонаи Амрико таслим нашуданд. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, миллати Эрон дар баробари душман илтимос нахоҳад кард ва алорағми таҳаммули сахти ношӣ аз таҳримҳои золимона душманро пушаймон хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин бо ишора ба густариши вируси “корона” дар бархе аз шаҳрҳои Эрон гуфт, аз ин вирус набояд тарсид, балки бо ҳиммати ҳама масъулон бояд мушкилоти ношӣ аз ин вирусро баратараф кард.