Феврал 25, 2020 19:29 Asia/Dushanbe

Муовини кулли вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо интишори филме аз ибтилои худ ба вируси “корона” хабар дод.

Ба гузориши ИРНА,  Эраҷи Ҳарирчӣ рӯзи сешанбе дар ин филм гуфт: “Ман ҳам коронаӣ шудам”. Эраҷи Ҳарирчӣ гуфтааст, ки аз дирӯз таб дошта ва натиҷаи ду бори тести ӯ мусбат шуда ва аз дишаб дар маҳалле  дур аз мардум ба сар мебарад.

Вай ҳоли умумии худро хуб тавсиф ва таъкид кард, бо талоши хидматгузорони мардум дар Вазорати беҳдошт ва бо пуштибонии мардуму давлат ҳатман дар чанд ҳафтаи оянда дар муқобила бо вируси “корона” пирӯз мешаванд.

Ҳарирчӣ, ки дар рӯзҳои ахир дар сафи муқаддами мубориза бо “корона” дар Эрон фаъолият мекард, ибрози умедворӣ кард, бо бартараф шудани алоими беморӣ хидматгузорӣ ба мардумро идома диҳад.

То кунун 95 нафар ба сурати қатъӣ дар Эрон ба вируси “корона” мубтало шуда ва 15 нафар фавтида аст.