Феврал 26, 2020 12:41 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Трамп ба нафрати Эрон аз ДОИШ эътироф кард

Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёми твитттерӣ, бар эътирофи Трамп ба ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия барои нафти ин кишвар ва нафрати Эрон аз ДОИШ таъкид мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон сешанбешаб дар паёми твиттерӣ навишт: Доналд Трамп (раисҷумҳури Амрико) ба чизе эътироф кард, ки мо ҳама медонистем: Низомиёни амрикоӣ баро ин дар Сурия ҳастанд, ки нафтро бардоранд.

Муҳаммадҷаводи Зариф ҳамчунин бо эътироф ба ин, ки Эрон аз ДОИШ мутанаффир аст, пазируфт, ки Сурия, Русия ва Эрон метавонанд бо ДОИШ мубориза кунанд.

Зариф афзуд: Вале Иёлоти Муттаҳидаи Амрико на танҳо бо ДОИШ наҷангид, балки бузддилона сардор Сулаймонӣ, душмани шумораи яки ДОИШро террор кард. Корре, ки фақат зердастони Трамп ва ДОИШ онро ҷашн гирифтанд.

Трамп рӯзи сешанбе дар дидор бо Нарандра Мудӣ, нахуствазири Ҳиндустон дар ин кишвар бо ин иддао, ки Амрико Ал-Қоида, ДОИШ ва соири гурӯҳҳои террористиро шикаст додааст, изҳор дошт: Монанди Амрико соири кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Русия ва Ироқ бояд бо ин гурӯҳҳо мубориза кунанд.

 

 

Барчасп