Коронавирус;ҷомеаи пизишкӣ дар хатти муқаддами мубориза бо вируси бидуни марз
Шуюи коронавирус дар ҷаҳон ба дағдағаи нахусти кишварҳои даргири ин вируси хатарнок табдил шудааст ва дар ин миён ҷомеаи пизишкии Эрон бо кори шабонарӯзӣ дар хатти муқаддами мубориза бо коронавирус қарор дорад.
Бо вуруди коронавирус, ки аз шаҳри Қум дар ҷануби вилояти Теҳрон шурӯъ шуд, талоши давлат ва Вазорати тандурӯстии Эрон дучандон шуд ва имрӯз кадри пизишкӣ ва парасторӣ бо ҳамаи тавон дар майдони мубориза бо ин вирус ҳастанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззам инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе дар дидори раиси Фарҳангистони улуми пизишкии Эрон, бо ташаккури самимона аз Вазорати тандурӯстӣ ва ҳамкорони вазир, пизишкон, парасторон ва кадрҳои дармонӣ ва маҷмӯаи дастандаркорони пизишкӣ дар мубориза бо коронавирус хотирнишон карданд, ин заҳамоти бисёр боарзиши ҷойгоҳи ҷомеаи пизишкӣ ва парасториро дар ҷомеа боло мебарад, ки бурдааст ва аҷру савоби илоҳиро ба дунбол хоҳад дошт.
Илова бар кори ҷиҳоди ҷомеаи пизишкии Эрон, огоҳисозӣ ва шаффоф амал кардан дар замони шуюи коронавирус ба эътимод ва ҳамроҳи мардум кӯмак мекунад ва акнун ба навъе дар ҷомеа басиҷи ҳамагонӣ дар баробари ин вирус шакл гирифтааст.
Густардагии коронавирус агарчи сабаби камбуди бархе маводи зидди уфунӣ барои пешгирӣ аз мубтало нашудан ба ин вирус шудааст, аммо кори шабонарӯзии ширкатҳои мухталиф барои тавлиди ниқоб ва гелҳои зиддиуфунӣ, иқдомоти худҷӯши мардум ва аз ҳамаи муҳимтар талоши сахти пизишкон ва парастон, масири мубориза бо коронавирус дар Эронро ҳамвор кардааст.
Дар ҳамин чорчуб; Ситоди миллии муридияти коронавирус ба раёсати Саиди Намакӣ, вазири тандурӯстӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон шакл гирифтааст ва ба навъе фармондеҳии мубориза бо коронавирус дар арсаҳои мухталифи пизишкӣ, огоҳисозӣ, шаффофият ва эъломи омори рӯзона дар ихтиёри ин ситод аст.
Бидуни шубҳа, огоҳисозии ҷомеа аз сӯи Ситоди миллии мудирияти бемории коронавирус, ҳамроҳии мардум бо ин ситодро беш аз пеш афзоиш хоҳад дод ва тақвияти эътимоди сармояи иҷтимоӣ, муҳимтарин абзор барои шикасти коронавирус аст.
Дар ҳамин замина Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати тандурӯстии Эрон дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузории Эрон-Пресс, бо баёни инки омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон рӯзона мунташир мешавад, изҳор кард, ироаи омори шаффоф ва мустақим кӯмаки шоёне ба контроли ин беморӣ хоҳад кард.
Илова бар паҳлуи миллии мубориза бо коронавирус, густардагии шуюи ин вирус дар беш аз 40 кишвари ҷаҳон, ҳамкории кишварҳои даргири ин вирусро ба таври ҷиддӣ металабад. Эҷоди маркази ҷаҳонии фармондеҳии мубориза бо коронавирус метавонад пояи ҳамкории муштараки кишварҳои даргири ин вирус бо меҳварияти Созмони тандурӯстии ҷаҳонӣ бошад.
Иштирокгузории таҷрибаи кишварҳои даргири коронавирус аз ҷумла Чин ба унвони мабдаи шуруи ин вирус ба хубӣ метавонад ба муборизаи кишварҳои дагири буҳрони коронавирус кӯмаки шоёне кунад. Дар ин миён; Эрон дар арсаи беҳдоштӣ муваффақиятҳои хубе дар паҳлуи тавлиди колои беҳдоштӣ ва дониши пизишкӣ дорад, ки нишондиҳандаи зарфиятҳои лозими Эрон барои мудирият ва пешгирӣ аз шуюи коронавирус аст.