Афзоиши омори беҳбудёфтагони коронавирус дар Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 175 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон беҳбуд ёфтаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе гуфт: Мутаассифона то кунун978 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, ки 54 нафари онон ҷони худро аз даст додаанд.
Хурӯҷи вируси корона, ки моҳи декабри 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд, акнун илова бар 30 устони Чин ба 59 кишвари дигар сироят кардааст.
Бар асои охирин омор, то кунун беш аз 87 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 41 ҳазор нафар беҳбуд ёфта ва беш аз 2900 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.