Март 04, 2020 14:17 Asia/Dushanbe
  • Дуввумин маҳмулаи эҳдоии Шанхай ба Эрон барои муқобила бо коронавирус

Дуввумин маҳмулаи кӯмакҳои эҳдоии шаҳри Шанхай ва шуморе аз ширкатҳои мустақар дар ин шаҳр, барои муқобила бо коронавирус ба Ҷумҳурии исломии Эрон ирсол шуд.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи ИРНА, 15 ҳазор бастаи ташхиси сареи вируси корона, ҳудуди 6 ҳазор либоси изолятсионӣ ва 50 дастгоҳи танаффусӣ аз ҷумлаи кӯмакҳои ирсолии шаҳри Шанхай, ҷануби шарқи Чин ба Эрон аст, ки бо кӯмаки сарконсулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон ба Теҳрон ирсол шуд.

Рамазони Парвоз, сарконсули Эрон дар Шанхайи Чин дар маросими кӯмакҳои эҳдоии ин шаҳр ба Эрон гуфт: Вируси корона бо ҳамаи нохушояндиҳо боис шудааст, то ду кишвар ва миллати бузурги Эрон ва Чин беш аз гузашта дар канори ҳам бошанд.

Сарконсули Эрон дар Шанхай тасреҳ кард: Эрон аз ибтидои хурӯҷи коронавирус дар канори миллати Чин будааст ва мардум ва давлати Чин низ нишон додаанд, ки ҳамроҳ ва ёвари мардуми Эрон барои муқобила бо коронавирус ҳастанд.

 

Барчасп