Март 04, 2020 22:29 Asia/Dushanbe
  •  Ифтитоҳи тарҳи 1290 гектар ҷангалкорӣ перомуни шаҳри Теҳрон тавассути Рӯҳонӣ

 Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамзамон бо кошти дарахт дар атрофи маҷмӯаи таърихӣ - фарҳангии Саъдободи Теҳрон, проекти 1290 гектар ҷангалкорӣ дар қолаби тарҳи камарбанди сабз перомуни шаҳри Теҳронро ифтитоҳ кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар остонаи рӯзи миллии дарахткорӣ ва ҳафтаи манобеи табиӣ (панҷум то дувоздаҳуми март) пас аз кошти як асла ниҳол, бо таъкид бар аҳамияти кошти дарахт ва ҳифзи манобеи табиӣ гуфт, ин ки имрӯз дар атрофи Теҳрон 1290 гектар ҷангалкорӣ ба баҳрабардорӣ мерасад, иқдоми бисёр арзишманде аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки имсол беш аз солҳои дигар мавзӯи саломат буруз ва ҷилвагарии бештаре дар байни мардум пайдо кардааст, гуфт, мардум ҳамчунон ба ҳамкорӣ бо вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон барои ғалаба бар вируси корона идома диҳанд.

Паҳншавии вируси корона декабри 2019 аз шаҳри Вуҳони Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ғайриаҳлӣ будааст. Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин, ба 81 кишвари дигар низ сироят кардааст. Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 93 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 51 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва беш аз 3 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.