Март 06, 2020 18:22 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҳамкории ҷаҳонӣ ва минтақаӣ барои муқобила бо корона зарурӣ аст

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди ҷумъа хостори ҳамкории ҷаҳонӣ ва минтақаӣ барои муқобила бо вируси корона шуд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар Твиттер бо баёни ин ки Эрон таомули наздике бо Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои муқобила бо вируси корона дорад, навишт, ҳамкории ҷаҳонӣ ва минтақаӣ барои муқобила бо коронавирус зарурӣ аст.

Зариф дар ин паёми твиттерӣ ба иқдомоти анҷомшуда дар Эрон барои муқобила бо вируси корона, аз ҷумла санҷиши саломати мусофирон дар ҳангоми хуруҷӣ ишора кард ва изҳор дошт: ё ҳама бо ҳам пирӯз хоҳем шуд ва ё ҳама бо ҳам шикаст хоҳем хӯрд”.

Вируси корона авохири соли гузаштаи мелодии 2019 дар шаҳри Вуҳани вилояти Ҳубей, дар шарқи Чин мушоҳида шуд ва акнун илова бар 30 вилояти ин кишвар, ба беш аз 86 кишвари дигар, аз ҷумла Амрико, Англия, Австралия, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Канада, Фаронса, Италия, Эрон, Арабистон ва Иморот сироят кардааст.

 Бар асоси охирин омор, то кунун дастикам 96 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 54 000 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо тархис шудаанд. Беш аз 3300 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

 

 

 

 

Барчасп