Март 08, 2020 17:39 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Оятуллоҳ Ҳамадонӣ аз куштори мусалмонони Ҳиндустон

Оятуллоҳ Ҳусейни Нурии Ҳамадонӣ аз мароҷеи тақлиди мӯътабар, куштори мусалмонони Ҳиндустонро ба дасти ҳиндуҳои ифротӣ маҳкум кард.

Оятуллоҳ Ҳусейни Нурии Ҳамадонӣ, аз мароҷеи тақлиди мӯътабар, дар паёме эълом кард: Мутаассифона, куштори мусалимонони Ҳиндустон ҷинояте таассуфбор ва дардовар аст, ки дар сукути расонаҳои байналмилалӣ дар ҳоли анҷом аст.

Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ бо баёни ин, ки сарони кишварҳои исломӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башарӣ фақат тамошобини ин мусибат ҳастанд, ибрози умедворӣ кард, давлати Ҳиндустон ҳар чи зудтар бо тадбирҳзои лозим дар мубориза бо истикбор ва истеъмор, ин мавзӯъро ҳал кунад ва мусалмонони ин кишвар монанди гузашта озодона ба зиндагӣ ва фаъолияти худ идома диҳанд.

Ин марҷаи тақлид афзуд, ки мардуми Ҳиндустон низ бешак бо собиқа ва фарҳанги кӯҳани худ, зиндагии ороме, ки дар тӯли таърих бо адёни мухталиф ва мазҳабҳои мутааддид дар канори ҳам доштанд, ҳифз мекунанд ва иҷоза нахоҳанд дод, ки иддае оташи тафриқаро дар ин кишвар шӯълавар кунад.

 

Барчасп