Тиҷорати Эрон ва Покистон аз садди коронавирус убур кард
(last modified Sun, 08 Mar 2020 15:05:44 GMT )
Март 08, 2020 20:05 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати Эрон ва Покистон аз садди коронавирус убур кард

Расонаҳои покистонӣ рӯзи якшанбе гузориш доданд: Фаъолиятҳои тиҷорӣ дар гузаргоҳи муштараки марзии ин кишвар бо Ҷумҳурии исломии Эрон, ки ҳудуди ду ҳафта пеш ба далели ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус мутаваққиф шуда буд, акнун дубора аз сар гирифта шуд.

Манобеи покистонӣ азсаргирии мубодилоти тиҷорӣ ва соири фаъолиятҳои бозаргонӣ бо Эрон дар марзи Тафтон (Мирҷова)-ро мунъакис карда ва гуфтанд: Рафту омади новгони ҳамлу нақли ду кишвар, бо ҳифзи тадбирҳои беҳдоштӣ ва муоина оғоз шудааст.

Дар инт гузориш ба нақл аз масъулони низомӣ дар марзи Тафтони Покистон омадааст: Мошинҳои борбарӣ, аз ҷумла маҳмулаҳои петрошимӣ ва гази моеи табиӣ дар канори соири колоҳои асосӣ миёни ду кишвар, пас аз гузашти 13 рӯз аз таълиқи фаъолияти тиҷорӣ аз марзҳои якдигар убур карданд.

Масъулони покистонӣ гуфтанд: Ронандагони мошинҳои борбарии Эрон, дар бадви вуруд ба марзи Покистон, таҳти муоина қарор гирифта ва пас аз дарёфти муҷаввизи саломатӣ метавонанд ба сӯи мақсад ҳаракат кунанд.

Сухангӯи гумруки Эрон низ рӯзи якшанбе эълом карда буд: Покистон иҷозаи вуруди мошинҳои эронӣ барои ҷобаҷоии колоҳои содиротии Эронро содир кард.