Мувофиқати раҳбари муаззами инқилоб бо шаҳиди хидмат хондани мудофеони саломат
Март 10, 2020 17:56 Asia/Dushanbe
Бо мувофиқати раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ мудофеони саломат шаҳиди хидмат маҳсуб мешаванд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо пешниҳоди Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон мабнӣ бар шаҳиди хидмат маҳсуб шудани кадрҳои пизишкӣ, парасторӣ, беҳдоштӣ ва хадамоте, ки дар ҷабҳаи хидматрасонӣ ба беморони мубтало ба корона ҷони худро аз даст доданд, мувофиқат карданд.
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар номае ба раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ аз мувофиқати эшон бо шаҳиди хидмат донистани мудофеони саломат қадрдонӣ кард.