Беҳбуди наздик ба се ҳазор нафар аз мубталоён ба корона дар Эрон
(last modified Tue, 10 Mar 2020 13:12:39 GMT )
Март 10, 2020 18:12 Asia/Dushanbe
  • Беҳбуди наздик ба се ҳазор нафар аз мубталоён ба корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 2 ҳазору 731 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо эъломи ин ки то кунун ҳашт ҳазору 42 нафар дар Эрон ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шудаанд, гуфт: “Мутаассифона, 291 нафар низ ба иллати ибтило ба ин вирус ҷон бохтаанд”.

Густариши вируси корона моҳи декабри соли 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ваҳшӣ будааст. Ин вирус акнун илова бар Чин ба беш аз 110 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 114 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 64 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва беш аз 4 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп