Март 10, 2020 18:43 Asia/Dushanbe
  • Русия ба Эрон 50 ҳазор тести ташхиси корона эҳдо кард

Сафири Эрон дар Маскав аз эҳдои 500 бастаи ташхисӣ, шомили 50 ҳазор тести ташхиси вируси корона аз сӯйи Русия ба Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав бо қадрдонӣ аз ҳамкории Русия бо Эрон дар муқобила бо вируси корона бар азми ду кишвар барои афзоиши сатҳи ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталиф, бахусус беҳдошту дармон таъкид кард. Ҷалолӣ бо баёни ин ки решакан кардани вируси корона ниёзманди ҳамкориҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ аст, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тадобири лозим дар маҳор ва контроли вируси карона саъй дар ҷилавгирӣ аз густариши ин падида дошта ва дар ҳамин робита иқдомоти густардаеро иҷро кардааст.

Ҳамкории Эрон ва Русия дар бахши беҳдошт, дармон, тавлиди муштараки дору, таҷҳизоти пизишкӣ ва барномаҳои муқобилаӣ бо бемориҳои вогир, аз солҳо пеш оғоз шуда, дар шароити кунунӣ раванди рӯ ба рушд ёфтааст.

 

Барчасп