Эҳдои ҳуқуқи шуморе аз намояндагони Маҷлиси Эрон барои мубориза бо коронавирус
Шуморе аз намояндагони марудум дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, ҳуқуқи моҳиёнаи худро барои мубориза бо коронавирус дар ихтиёри Вазорати беҳдошти ин кишвар қарор доданд.
Тайиба Сиёвушӣ, намояндаи мардуми Теҳрон дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт: Панҷ нафар аз намояндагони мардум, дар номае ба раиси Маҷлис, ҳуқуқи моҳиёнаи худро то поёни ин давра аз Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар авоили моҳи июн, барои мубориза бо коронавирус ихтисос доданд.
Сиёвушӣ дар ин нома тасреҳ кардааст: Бо таваҷҷӯҳ ба хатари густурда ва бесобиқае, ки ҷони мардумро таҳдид мекунад ва ҳамаи дастгоҳҳои давлатӣ ва ҳокимиятӣ вазифадоранд барои убури кишвар аз ин бӯҳрон аз тамоми имконот ва заарфиятҳои мавҷуд исифода кунанд, мо намояндагони имзокунандаи нома, то итмоми ин давра аз Маҷлис, ҳуқуқи худро дар ихтиёри Вазорати беҳдошт қарор медиҳем, то сарфи таҳияи ақлом ва маводи зарурӣ барои мубориза бо коронавирус шавад.