Таъкиди Зариф бар зарурати рафъи тамоми таҳримҳои ғайриқонунии Амрико зидди Эрон
Вазири умури хориҷаи Эрон дар номае ба Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бар зарурати рафъи таҳримҳои якҷонибаи Амрико таъкид кард.
Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар паёми “Твиттер”-ӣ навишт, Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин нома, ки рӯнавишти он барои раисони созмонҳои байналмилалӣ ва вазирони умури хориҷаи ҳамаи кишварҳо ирсол шуда, бар зарурати рафъи тамоми таҳримҳои якҷониба ва ғайри қонунии Амрико алайҳи Эрон, барои муқобила бо бемории корона таъкид кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин субҳи имрӯз (панҷшанбе) дар “Твиттер” аз дархости Бонки марказии Эрон аз Сандуқи байналамилалии пул барои кӯмак ба мубориза бо вируси корона аз тариқи ба коргирии «абзори сареи молӣ» хабар дода буд.
Кристалина Георгиева, раиси Сандуқи байналамилалии пул ахиран дар баёнияе аз кумаки молии изтирории ин сандуқ ба мизони 50 миллиард доллар барои кумак ба кишварҳои даргир бо густариши вируси корона хабар дод. Дар ҳошияи ин нишаст, намоишгоҳи ёдбуди 90-умин соли барқарории равобити дипломатии Эрон ва Ҷопон низ ифтитоҳ шуд.