Март 13, 2020 16:41 Asia/Dushanbe
  • Фармони Раҳбари инқилоб ба ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобила бо корона

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо судури фармоне ба сардор сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар лузуми созмондеҳии хадамоти ин ситод дар қолаби “қароргоҳи беҳдоштӣ ва дармонӣ” барои пешгирӣ аз шуюъи бештари коронавирус таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, ин иқдом бо таваҷҷуҳ ба қароине, ки эҳтимоли “ҳамлаи биоложикӣ” будани ин рӯйдодро матраҳ кардааст, метавонад ҷанбаи размоиши дифои биоложик дошта бошад ва бар иқтидор ва тавони миллии Эрон бияфзояд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, ин қароргоҳи беҳдоштӣ ва дармонӣ бояд дар ҳамоҳангии комил бо давлат ва Вазорати беҳдошт ва дармони Ҷумҳурии Исломии Эрон амал кунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён ибрози умедворӣ карданд, бо ҳидояти илоҳӣ ва пуштибонии вижаи ҳазрати бақиятуллоҳ, миллати Эрон ҳамвора пирӯз ва бархурдор аз амният ва саломат бошанд.