Эътирози  Теҳрон ба иддаои беасоси Трамп алайҳи Эрон
(last modified Sun, 15 Mar 2020 16:08:41 GMT )
Март 15, 2020 21:08 Asia/Dushanbe
  • Эътирози  Теҳрон ба иддаои беасоси Трамп алайҳи Эрон

Дар пайи изҳороти беасоси раисиҷумҳури Амрико мабнӣ бар масъул донистани Эрон дар ҳамла ба пойгоҳи нерӯҳои мавсум ба эътилофи байналмилалӣ дар Алтоҷии Ироқ Сафир Швейтсария дар Теҳрон ба унвони ҳофизи манофеи Амрико ба Вазорати умури хориҷии Эрон эҳзор шуд.

Сайид Аббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи шанбе бо ишора ба иблоғи маротиби эътирози Теҳрон ба сафири Швейтсария дар Эрон ба унвони ҳофизи манофеи Амрико тасреҳ кард, дар ин мулоқот ба сафири Швейтсария гуфта шуд, раисҷумҳури Амрико ба ҷойи муттаҳам кардани дигарон бояд сиёсатҳои ғалати ин кишвар дар бораи ҳузури ғайриқонунӣ дар Ироқ ва куштани фармондаҳону сарбозони ироқӣ, ки омили аслии нафрати мардуми ин кишвар аз Амрико шудааст, ба унвони воқеият бипазирад.

 Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико панҷшанбеи гузашта дар изҳороти беасос Ҷумҳурии Исломии Эронро дар ҳамла ба пойгоҳи нерӯҳои эътилоф дар Алтоҷии Ироқ масъул донист. Иддаои Амрико дар ҳоле матраҳ мешавад, ки то кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамла ба Алтоҷиро бар уҳда нагирифтааст ва бархе аз эҳтимоли такрори саҳнасозии Амрико барои ҳамла ба мақарҳои Алҳашдушшаъбӣ ва террори фармондаҳони меҳвари муқовимат хабар медиҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин сенария Вазорати умури хориҷии Эрон дар хусуси ҳар гуна иқдоми насанҷида аз сӯйи тарафи амрикоӣ ва авоқиби он ҳушдор дода ва ба ҳофизи манофеи Амрико дар Теҳрон таъкид шуд, сиёсатҳои ғалати Амрико дар Ироқ боиси эҷоди танишҳои кунунӣ аст ва мақомоти Амрико, бахусус раисҷумҳури ин кишвар наметавонанд бо изҳороти бепоя ва хатарнок аз зери бори ин масъулият шона холӣ кунанд.

 Дар ҳамин ҳол Амрико бомдоди рӯзи ҷумъа бо ҳамла ба пойгоҳҳои Алҳашдушшаъбӣ дар чаҳор минтақаи Ироқ мӯҷиби кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар аз нерӯҳои Вазорати дифоъ ва пулиси Ироқ шуд. Ҳамалоти Амрико ба Ҳашдушшаъбӣ ба унвони бахше аз нерӯҳои мусаллаҳи расмӣ ва қонунии Ироқ нақзи фоҳиши ҳокимияти миллии ин кишвар ва дар чорчӯби иқдомоти мудохилҳҷӯёнаи давлати Амрико дар умури дохилии кишварҳои минтақа аст. Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои Ҳашдушшаъбӣ дар шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар нақши калидӣ ифо карданд.

Собиқаи дахолатҳои давлати Иёлоти Муттаҳида дар умури Ироқ ва минтақа нишон медиҳад, ҳадафи Амрико эҷоди ихтилоф байни кишварҳои минтақа аст. Амрико аз соли 1991 ва пас аз он дар соли 2003 бо вуруд ба Ироқ мӯҷиби кушта шудани миллионҳо ироқӣ ва вайронии ин кишвар шудааст. Дар воқеъ баъд аз ҳузури амрикоиҳо дар Ироқ буд, ки ин кишвар ҳузури гурӯҳҳои террористии мухталифро таҷриба кард.

Ҳиллари Клинтон, вазири хориҷии асбақи Амрико ва Доналд Трамп, раисҷумҳури феълии ин кишвар дар ҷараёни рақобатҳои интихоботии соли 2016 расман эътироф карданд, ки ДИИШ сохтаи дасти амрикоиҳост.

Давлати Вашингтон баъд аз таҷовузи низомӣ ба Ироқ дар садади эҷоди пойгоҳҳои мутааддиди низомӣ дар ин кишвар баромад. Пойгоҳҳое, ки ҳар як  нишонаи беэҳтиромӣ ба тамомияти арзии мардуми Ироқ аст. Нуқтаи авҷи ин мудохилот ва нақзи ҳокимияти давлати Ироқ иқдоми террористии Амрико дар 3 январ ва ба шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, қоиммақоми Созмони нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ ба ҳамроҳи ҳашт нафари дигар буд, ки бо дастури мустақими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сурат гирифт, дар ҳоле ки сардор Сулаймонӣ ба даъвати мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд. Дар пайи ин иқдоми террористӣ маҷлиси Ироқ бо мусаввабаи худ бар ғайриқонунӣ будани ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ таъкид кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дар баёноте дар 29-уми баҳманмоҳи гузашта бо ишора ба ёвагӯиҳои мақомҳои Кохи Сафед алайҳи Эрон, инфиоли амрикоиҳоро натиҷаи асароти маъкуси террори сардор Сулаймонӣ донистанд ва хотирнишон карданд: “Амрико мехост бо террори сардори азиз мо, ки таъсироти амиқе дар минтақа дошт, бар минтақа мусаллат шавад, аммо моҷаро баръакс шуд ва роҳпаймоии бузурги зиддиамрикоӣ дар Бағдод масоили Сурия, Ҳалаб ва қазоёи дигар минтақа дуруст нуқтаи муқобили хости онҳоро рақам зад, бинобар ин як ҳадаф аз ёвагӯии онҳо ҷуброни ин инфиол аст”.

Акнун Трамп бо изҳороти мавҳум ва иттиҳом задан ба Эрон саъй дорад, сурати масъаларо тағйир диҳад, дар ҳоле ки нақши Амрико ба унвони муттаҳами аввал дар ноамн кардани Ироқ ва минтақа исбот шудааст.