Ирсоли кӯмакҳои инсондӯстонаи Узбакистон ба Эрон
Март 16, 2020 21:09 Asia/Dushanbe
Кумакҳои инсондӯстонаи Узбакистон ба Эрон ирсол шуд.
Кумакҳои инсондӯстонаи Узбакистон ба манзури мубориза бо густариши вируси корона субҳи имрӯз бо як ҳавопаймо озими Эрон шуд.
Ба гузориши Форс ва идораи кулли иттилоърсонӣ ва умури сухангӯии вазорати умури хориҷа, кумакҳои инсондӯстонаи Узбакистон ба манзури мубориза бо вируси корона субҳи душанбе озими Эрон шуд.
Ин кумакҳо шомили мақодире аз ақломи беҳдоштӣ ва дармонӣ аст ва тавассути як ҳавопаймои ӯзбакӣ озими Эрон шудааст.
То пеш аз Узбакистон, Чин, Туркия, Аморот, Олмон, Фаранса ва Англия, Япония, Қатар, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия ва ҳамчунин Созмони ҷаҳоним беҳдошт барои муқобила бо корона ба Эрон кумакҳои инсондӯстона карда буданд.