Гуфтугӯи телефонии вазири хориҷаи Эрон бо ҳамтои қирғизистонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i51968-Гуфтугӯи_телефонии_вазири_хориҷаи_Эрон_бо_ҳамтои_қирғизистонӣ
Зариф ва ҳамтои қирғизистонии вай бар муқобилаи фаврӣ ва ҷаҳонӣ бо коронавирус таъкид кард.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Март 21, 2020 16:58 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазири хориҷаи Эрон бо ҳамтои қирғизистонӣ

Зариф ва ҳамтои қирғизистонии вай бар муқобилаи фаврӣ ва ҷаҳонӣ бо коронавирус таъкид кард.

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Қирғизистон дар гуфтӯи телефонӣ, дар хусуси хурӯҷи коронавирус дар ҷаҳон ва лузуми муқобилияти фаврӣ ва ҷаҳонӣ бо он таъкид карданд.

Ба нақл аз ИРНА, Идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷа, Муҳаммадҷаводи Звриф ва Чингиз Айдарбеков, вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Қирғизистон, асри имрӯз дар гуфтугӯи телефонӣ, дар хусуси хурӯҷи коронавирус дар ҷаҳон ва лузуми муқобилияти фаврӣ ва ҷаҳонӣ бо он ва низ лузуми рафъи таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико, ки саломатӣ ва ҷони мардуми Эронро нишона рафтааст, гуфтугӯ ва табадули назар карданд.