Март 24, 2020 09:55 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамкориҳои Эрон ва Русия барои муқобила бо вируси корона  

Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия ва Владимир Уйба, муовини вазири беҳдошти ин кишвар рӯзи душанбе зимни гуфтугӯ, охирин вазъияти шуюъи корона дар ду кишвар ва роҳҳои идомаи ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Козими Ҷалолӣ дар ин гуфтугӯ, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, бо ишора ба ҷиддӣ будани таҳдиди вируси корона дар сатҳи байналмилалӣ, маҳор ва нобудии онро вобаста ба иродаи ҳамкории тамоми кишварҳо донист.

Ҷалолӣ зимни ташреҳи иқдомоти суратгирифта аз сӯйи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи мубориза бо вируси корона ва таъйиди он аз сӯи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, бар идомаи ирсоли кумакҳои башардӯстона аз сӯи кишварҳои дӯст, бавижа Федератсияи Русия ба манзури ғалаба бар густариши ин беморӣ таъкид кард.

Муовини вазири беҳдошти Русия низ аз кадри пизишкии Эрон ба унвони қаҳрамонони миллӣ ва сарбозони хатти муқаддам ном бурд ва иқдомоти суратгирифта аз сӯйи Эронро шуҷоона ва муқтадир арзёбӣ кард.

Владимир Уйба дар ин гуфтугӯ бар омодагии Вазорати беҳдошти Русия барои ҳар гуна ҳамкорӣ бо системаи беҳдошти Эрон таъкид кард.

Бар асоси охирин омор, то кунун ҳудуди 350 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 100 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва дастикам 15 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп