Октябр 02, 2016 13:30 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Нигаҳбонӣ аз ёди шаҳидон як вазифа аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ тарвиҷи ёд ва номи шаҳидонро, аз авомили муҳим дар муқобила бо тавтеаи душман ва ҳифзи муқовамат ҳамроҳ бо шавқ ва тароват дар миллат донистанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори аъзои Ситоди кунгураи шаҳидони устонҳои Кӯҳгилуя ва Буираҳмад ва Хуросони Шимолӣ, ҳадаф аз ҷанги нарм ва пинҳони душманро "дур кардани мардум аз арсаи ҷиҳод ва муқовамат, беэътиноӣ кардани онон ба ормонҳо ва тасарруфи фазои фикрӣ ва рӯҳии кишвар" донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, хотирнишон карданд, миллати Эрон бо муқовамат ва истодагии худ, қудратҳои ҷаҳониро дар бисёре аз аҳдофшон ноком кардааст.

Ҳазрат оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, султагарон бо абзорҳои фаровон, таблиғоти ҳангуфт ва гӯяндагони сухан ба музд ва ҳамчунин фишорҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ, дар талош барои маъюс ва аз саҳна хориҷ кардани миллати Эрон ҳастанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин бо таъкид бар зарурати табйини абъоди муҳим ва ташреҳ нашудаи ҷанги таҳмилӣ, афзуданд, "Дифои муқаддас" ҷанги байналмилалӣ бо Ислом ва ҳокимияти Ислом ва бо имом Хумайнӣ (раҳ) буд ва як ҷабҳа ва уқбаи густурда, Садоми баъсии бадбахт ва беақлро пуштибонӣ мекард, бинобар ин ҷавони имрӯз бояд бидонад касоне, ки тавонистанд кишварро аз чунин балое наҷот диҳанд, кӣ буданд ва чигӯна зиндагӣ мекарданд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, шаҳидонро «қулаҳои ахлоқи исломӣ» ва «улгуҳое барои насли ҷавон» донистанд ва гуфтанд, ҳунармандон барои нишон додани симои нуронии шаҳидон ба ҷавонон, бояд ба майдон биёянд ва бо истифода аз шеваҳои мухталиф ба вижа ҳунар, нигориш ва тавлиди китобҳои кӯтоҳ ва хонданӣ, воқеиятҳои зиндагии шаҳидонро бидуни иғроқ ва бо қалами зебо ва шево баён кунанд.