Беҳбудии ҳудуди 9000 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i52034-Беҳбудии_ҳудуди_9000_нафар_аз_мубталоён_ба_коронавирус_дар_Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 8913 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 24, 2020 20:29 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 9000 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 8913 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 24811 нафар ба коронавирус дар Эрон гуфт: Мутаассифона, бо ҷон бохтани 122 нафар аз беморон, ҷамъи даргузаштагон бар асари ин беморӣ дар кишвар ба 1934 нафар расидааст.

Ҷаҳонпур афзуд: То кунун беш аз 41миллион нафар дар тарҳи басиҷи миллии мууқобила бо коронавирус дар Эрон ғарболгарӣ шудаанд.

Коронавирус акнун илова бар Чин, ба беш аз 190 кишвари дигар низ сироят кардааст.