Беҳбуди беш аз 11 ҳазр нафар аз мубталоён ба Корона дар Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкиии Эрон эълон кард: токунун 11 ҳазор ва 133 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси Корона мубтало шудаанд. беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурахас шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Киёнуш Ҷаҳонпур сухангуйи вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфту гу бо хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 32 ҳазор ва 332 нафар ба вируси Корона дар Эрон гуфт: бо ҷон бохтани 144 бемори мубтало ба Корона дар 24 соат гузашта, теъдоди ҷони бохтагон ин бемори дар Эрон ба 2378 нафар расид.
Тарҳи тақвият фосила гузории иҷтимоӣ бо ҳадаф кумак ба қатъи занҷираи интиқоли бемори бо руйкарди коҳиш тамосҳо, мутавақиф кардан иҷтимоот ва ҳазфи тарадудҳои ғайри зарури дар шаҳрҳои мухталифи Эрон то севвуми апрел дар Эрон идома дорад.