Таъкиди раиси ҷумҳури Эрон бар иҷроии комили тарҳҳои муқобила бо вируси Корона
(last modified 2020-03-28T12:59:42+00:00 )
Март 28, 2020 17:59 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси ҷумҳури Эрон бар иҷроии комили тарҳҳои муқобила бо вируси Корона

Раиси ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: барои пешири аз вируси Корона, тарҳи фосила гузории иҷтимоӣ дар Эрон ба диққат иҷро шавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи шанбе ар ҷаласаи Ситоди миллии мудирят ва муқобила бо Корона дар Теҳрон афзӯд: мусаввабаи тарҳи фосилагиирии иҷтимои то 20 фарвардин " 8 апрел" идома хоҳад ёфт. Руҳони тасриҳ кард: ҳамаи мардум ва дастгоҳои иҷроӣ дар Эрон бояд барои муқобила бо вируси Корона ҳамкории лозимро дошта бошан. Раиси ҷумҳурии исломии Эрон боридигар таъкид кард: мардуми Эрон дар шароитти таҳрим ва сахт ҳастанд аммо дунё дар тааҷуб ҳаст, ки кишваре, ки дар ҳоли таҳрим аст чигуна тавониста бо ин вируси муҳлик ва кушанда муқобила кунад. Дар Эрон аз ҳамон ибтидои вируси Корона, иқдомҳои пешгирона ва дармони бо кумаки нерӯҳои муссалаҳ ва тамоми дастгоҳҳои марбута оғоз шуд ва ҳам акнун ҷудосзии беморони "Карантина" ва дармони афроди мубтало ба вируси Корона бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон ба суръат дар ҳоли иҷро аст. Тарҳи тақвияти фосилагузории иҷтимоӣ низ бо ҳадафи кумак ба қатъи занҷираи интиқоли бемори бо рӯйкарди коҳиши тамосҳо, манъи баргузории иҷтимоот ва ҳазфи тарардудҳои ғайри зарури дар сатҳи Эрон аз бомдоди ҷумъа оғоз шуд. Вируси Корона, ки номи расмии он Кувиди 19 аст, ахирҳои соли гузашта " 2019" дар шаҳри Вуҳони Чин шиносои шуд. Ин вирус акнун илова бар Чин, ба беш аз 99 кишвари дигр аз ҷумла Эрон сироят кардааст. то кунун беш аз 600 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба бемории Корона мубтало шудаанд ва 27 ҳазору 417 нафар ҷон бохтаанд. Дар Эрон ҳам то кунун беш аз 32 ҳазор нафар ба таври қатъи ба вируси Корона мубтало шудаанд, ки аз ин 2378 теъдод нафар ҷони худро аз даст додаанд ва 11 ҳазору 133 нафар низ беҳбуд ёфтаанд.