Солрӯзи валодати имом Саҷҷод (а) муборак бод
Март 30, 2020 08:48 Asia/Dushanbe
Имрӯз душанбе панҷуми шаъбони соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 30 марти 2020, солрӯзи валодати имом Саҷҷод (а)-набераи поки Паёмбари гиромии ислом аст.
Имом Зайнулобиддин (а) мулаққаб ба Саҷҷод панҷуми шаъбони соли 38 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуданд.
Падари бузургвори имом Саҷҷод (а), ҳазрати имом Ҳусайн (а) - сарвари шаҳидони ҷаҳон ҳастанд.
Имом Саҷҷод (а) дар тамоми сифатҳои боризи инсонӣ ва ахлоқу фазилат дар ҳадди камол буданд. Он ҳазрат дар замони хеш олитарин, порсотарин, бурдбортарин ва мӯҳтарамтарини афрод ба шумор мерафтанд ва дорои забони гӯёву фасеҳ ва бархурдор аз ахлоқи карима буданд.
Барчасп