Март 30, 2020 11:48 Asia/Dushanbe
  • 12 фарвардин; рӯзи убури Эрон аз тӯфонҳои саҳмгини тарроҳишуда тавассути низоми султа

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар баёнияе ба муносибати гиромидошти рӯзи 12 фарвардин, ин рӯзро рӯзи убури Эрон аз тӯфонҳои саҳмгини тарроҳишуда тавассути низоми султа унвон кард.

Мардуми Эрон чиҳилу як сол пеш дар дувоздаҳуми фарвардини 1358 (аввали апрели 1979) бо ҳузури огоҳона дар арсаи ҳамапурсӣ ба ҷумҳурии исломӣ овози мусбат доданд ва ин рӯз ба номи Рӯзи Ҷумҳурии исломии Эрон номгузорӣ шуд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ин баёния бо гиромидошти ёду хотираи шаҳидон, исоргарон ва озодагони сарафрози Эрони исломӣ ва табрики фаро расидани рӯзи 12 фарвардин, эълом кард: Тавсеаи қудрати ҷумҳурии исломӣ, бедории исломӣ, умқ ёфтани муқовимати исломӣ ва сархӯрдагии сиёсӣ ва низомии низоми султа аз воқеиятҳои мусаллам, инкорнопазир ва воқеии ҷаҳони имрӯз аст.

Ин баёния меафзояд: Дастовардҳо, пешрафтҳо ва муваффақиятҳои беназири Эрон дар ҳавзаи дифоӣ ва низомӣ, кишварро ба нуқтае аз боздорандагие расонда, ки ҷабҳаи душманонро дучори ваҳшати роҳбурдӣ ва яъсу ноумедӣ ва миллати Эронро аз қудрати дифоии итминонбахши нерӯҳои мусаллаҳ ва амнияти пойдор ва ҳамаҷонибаи миллӣ хурсанд кардааст.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард: Нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии исломӣ илова бар иқтидори дифоӣ ва тақвияти сохторҳо ва буняҳои дифоии худ, ҳамвора дар замонҳои ҳассоси кишвар аз ҷумла сел, зилзила ва падидаи ахири контрол ва пешгирӣ аз шуюи коронавирус дар канори мардуми Эрон буда ва аз тамоми зарфиятҳо ва тавонмандиҳои худ дар ҷиҳати коҳиши дағдағаҳо ва рафъи масоил ва мушкилоти мардум истифода кардааст.