Қадрдонии Рӯҳонӣ аз иқдомоти нируҳои мусаллаҳи Эрон барои муқобила бо бемори корона
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз иқдомоти нируҳои мусаллаҳи кишвар барои муқобила бо бемории корона қадрдонӣ кард.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ,Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар посух ба гузориши сардор, сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ- раиси ситоди кулли нируҳои мусаллаҳи кишвар дар заминаи мубориза бо корона навишт: Аз иқдомоти ҳамаи нируҳои мусаллаҳи Эрон дар ин шароити ҳассос, ташаккур мешавад.
Сарлашкар Боқирӣ гузоришеро аз иқдомоти қароргоҳи беҳдоштӣ ва дармонии Имом Ризо(а) дар бораи муқобила бо бемории корона тақдими раиси Ҷумҳурии исломии Эрон кард.
Аз замони эъломи шиносоии нахустин маврид аз вируси корона дар Эрон, нируҳои мусаллаҳ дар канори масъулони вазорати беҳдошти Эрон барои муқобила бо ин вирус ҳузур доштанд ва ҳамкорӣ кардаанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- фармондеҳи муаззами кулли қуво 12 март бо судури фармоне ба сардор, сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ-раиси ситоди кулли нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бо тақдир аз хадамоти нируҳои мусаллаҳ ба мардум дар заминаи муқобила бо вируси корона бар лузуми созмондеҳии ин хадамот дар қолаби як «қароргоҳи беҳдоштӣ ва дармонӣ» барои пешгирӣ аз густариши бештари ин беморӣ таъкид карданд.
Дар паи ин фармон қароргоҳи беҳдоштӣ ва дармонии Имом Ризо(а)-нируҳои мусаллаҳи Эрон ташкил ва нахустин ҷаласаи он 13 март дар Теҳрон баргузор шуд.
Бинобар эъломи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то кунун аз маҷмӯъи 47 ҳазору 593 нафаре, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, 15 ҳазору 473 нафари онҳо беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд ва 3 ҳазору 36 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.