Апрел 05, 2020 19:09 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Мухолифати Амрико бо эътои тасҳилоти дархостии Эрон, ҷиноят алайҳи башарият аст

Дар Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, таҳрими васоили беҳдоштиро иқдоми ғайриқонунӣ, зидди ҳуқуқи башарӣ ва душмании ошкори раисҷумҳури Амрико бо миллати Эрон донист.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи якшанбе дар саҳифаи корбарии худ, дар твите ҳамчунин ёдовар шуд: Мухолифати Амрико бо эътои тасҳилоти дархостии Эрон аз Сандуқи байналмилалии пул барои таъмини васоили мавриди ниёзи муқобила  бо коронавирус, мисдоқи воқеии ҷиноят алайҳи башарият аст.

Кристалина Георгиева, раиси Сандуқи байналмилалии пул ахиран дар баёнияе аз кӯмаки молии изтирории ин сандуқ ба мизони 50 миллиард доллар барои кӯмак ба кишварҳои даргир бо хурӯҷи коронавирус хабар дод.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазир умури хориҷаи Эрон 14 март дар твите  бо ишора ба дархости Бонки марказии Эрон барои дастрасии фаврӣ ба ин имкони Сандуқи байналмилалии пул таъкид кард:

Сандуқи байналмилалии пул ва ҳайъати мудираи он бояд ба вазифаи худ пойбанд бошанд ва дар тарафи дуруст биистанд ва масъулона амал кунанд.

Барчасп