Апрел 05, 2020 19:50 Asia/Dushanbe
  • Ошкор шудани чеҳраи ғайриинсонии давлатҳои ғарбӣ бо хурӯҷи коронавирус дар ҷаҳон

Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон дар баёнияе таъкид кард: Хурӯҷи коронавирус дар ҷаҳон, бори дигар ниқоби тақаллубии ҳимоят аз ҳуқуқи башарро аз чеҳраи зиддиинсонии давлатҳои ғарбӣ, бавижа амрикоиҳо бардошт.

Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ин баёния бо ишора ба бартарии манофеи иқтисодӣ бар ҳаққи ҳаёти инсонҳо дар ҳуқуқи башарии ғарбӣ ва сирқати  маҳмулаҳои пизишкӣ ва дармонии давлатҳои ғарбӣ аз якдигар дар рӯзҳои ахир ёдовар шуд:

Муруре бар рафтори таърихии ғарбиҳо дар баробари ҳуқуқи миллатҳо, ҳақиқати нигариши зиддиинсонии онҳо ба инсоният ва башариятро ошкор мекунад.

Дар баёнияи Ситоди ҳуқуқи башари Эрон омадааст: Сароби ҳуқуқи башари ғарбӣ дар давраи хурӯҷи коронавирус ба ҳама содаандешон собит кард, ки дар муқобили манофеи сармоядорони ҳоким бар низомҳои либералистӣ, ҳеҷ чиз, ҳатто ҳаққи ҳаёти шаҳрвандони худашон ҳам арзише надорад.

 

Барчасп