Апрел 07, 2020 15:10 Asia/Dushanbe
  • Роҳкори Абуалӣ Сино барои дармони бемориҳои сирояткунанда

Абуалӣ Сино чанд қарн пеш барои пешгирӣ аз густариши бемориҳои сирояткунанда, мондан дар хона, натарсидан ва тақвияти руҳияро тавсия карда буд.

Ба нақл рӯзномаи Ал-Қудс-ал-Арабӣ  Абуалӣ Сино, ҳаким ва файласуфи машҳури форсу тоҷик чанд қарн пеш зимни дастабандии бемориҳои сирояткунанда, роҳҳои пешгирӣ аз ибтилои ба ин бемориҳоро омӯзиш дода буд. Дар ин мақола бо унвони "Ибни Сино даҳ қарн қабл вируси корона ва роҳҳои пешгирӣ аз онро ингуна тавсиф кард" омадааст, корбарон ва пажуҳишгарони араб ахиран филми русиеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир карданд, ки мавзӯи он, ба зиндагии пизишк ва файласуфи бузург Ибни Сино мулаққаб ба Шайху раис ишора дорад. Ин ҳакими бузург  дар ин филм тавсияҳое барои пешгирӣ аз тоун дорад, ки то ҳадди зиёде мушобеҳ ба тавсияҳое аст, ки имрӯза барои пешгирӣ аз ибтило ба вируси корона (КОВИД 19) мешунавем.

Интишори ин филм дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҷиб шуд то бархе дар бораи пешгӯии Ибни Сино аз вируси корона сухан бигӯянд. Дар бахше аз ин филм, ки тавлиди соли 1956  дар Тоҷикистони даврони шуравӣ аст Ибни Сино, ки дар солҳои 980 то 1037 мезист мегӯяд, ба ин натиҷа расидам, ки тамоми бемориҳои сирояткунанда аз зарроти бисёр резе (вирус), ки ба чашм дида намешавад  эҷод мешаванд, ин заррот бисёр бешуморанд ва муҷиби таб ва марги сиёҳ (тоун) мешаванд, ин заррот ба ҳар чизе мисли даст, мӯй ва либос мечсбанд. Дар идома Ибни Сино дар роҳҳои пешгирӣ аз тоун сухан мегӯяд, вай суханонашро ингуна оғоз мекунад, аз беморӣ натарсед, аз таҷаммӯот дурӣ кунед зеро вирус аз тариқ ҳаво низ мунташир мешавад, масоҷид ва бозорҳо бояд ба сурати муваққат таътил шаванд. Ҳама бояд  дар хонаи худ намоз бихонанд, ваҷҳи нақд бояд бо сирка зиддиуфунӣ шаванд, ҳар касе, ки аз чунин бемороне нигаҳдорӣ мекунад бояд дар димоғаш пахтаи оғишта ба сирка фуру кунад ва барги гиёҳи дирмпнаро  биҷавад. Профессор Ҳотам Ғизол дар ин бора навишт, дар бахше аз филми мунташиршуда Ибни Сино аз вируси тоун мегӯяд, бубинед чиқадар дақиқ далели буруз, раванди интишор ва чигунагии пешгирӣ аз ибтило ба вирусро тавсиф мекунад, мегӯяд аз сирка барои зиддиуфунӣ кардани даст ва либос истифода кунед чунончи ба карантин шудан тавсия мекунад. Гӯё танҳо чизе, ки боқӣ мемонад озмоиши DNA аст, ки ӯ дар бораи он сухан нагуфтааст. Саноъ Иброҳим аз корбарони фаол дар интернет менависад, ончи муҷиби шигифтӣ аст ин ки аввалин тавсияи ӯ натарсидан аз вирус аст, ба ақидаи ман аввалин иқдоми муассир дар афзоиши қудрати дифоии бадан, натарсидан аст, дар ин видео ҳушёрӣ ва огоҳӣ дар ҳадди олӣ аст. Дар Фейсбук, ҳеҷ пизишкеро надидаам, ки дар бораи асароти  тарс аз вирус сухан бигӯянд, тарс аз вирус таъсири аҷибе дар заъиф шудани системи дифоии бадан дорад.