Апрел 11, 2020 10:27 Asia/Dushanbe
  • Густариши шеваи дармонии Эрон барои муқобила бо коронавирус дар Амрико

Узви Утоқи бозаргонии Теҳрон гуфт: Амрико равиши дармонии Эронро нусхабардорӣ карда ва ба номи худ мунташир мекунад.

Узви Утоқи бозаргонии Теҳрон мегӯяд, бо вуҷуди он, ки дармони коронавирус ба василаи тазриқи плазма аз рӯзҳои аввал дар Эрон калид хӯрд ва то кунун тамоми гомҳои он бо муваффақият тай шудааст, аммо расонаҳои хориҷӣ аз мӯъҷизаи Амрико дар ин замина мегӯянд.

Носири Риёҳӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИСНА, изҳор кард: Эрон ҷузви 5 кишвари нахусти дунё дар ҳавзаи истифода аз фанновариҳои плазмаи дармонӣ ба шумор меравад. Мо аз соли 1384 ҳиҷрии шамсӣ ин корро дар Эрон бо ҳузури устодони бисёр бузург оғоз кардем ва дар ҳоли ҳозир 10 маркази дарёфти плазма бо ҳузури беш аз 10 000 нерӯ дар Эрон фаъол ҳастанд.

Вай бо ишора ба истифода аз плазма барои дармони беморони коронаӣ дар Эрон гуфт:

Мо  аз рӯзи панҷуми исфанд ва чанд рӯз пас аз вуруди ин вирус ба Эрон, тарҳи истифода аз плазма барои дармони ин бемориро дастури кор қарор додаем.