Маъмурияти вижаи Руҳонӣ ба мутахассисони эронӣ барои дастёбӣ ба дору ва ваксинаи корона
(last modified 2020-04-11T12:14:07+00:00 )
Апрел 11, 2020 17:14 Asia/Dushanbe
  • Маъмурияти вижаи Руҳонӣ ба мутахассисони эронӣ барои дастёбӣ ба дору ва ваксинаи корона

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз маъмурияти вижа ба Вазорати беҳдошт ва муовинати илмӣ ва технологии раёсатҷумҳурӣ барои дастёбӣ ба дору ва ваксинаи корона хабар дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ҳасани Руҳонӣ- раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи шанбе дар ҷаласа бо раисони кумитаҳои Ситоди миллии муқобила бо корона бо таъкид бар ин ки бар асоси тавон ва бунияи илмии мутахассисони ҷавони эронӣ, дастёбӣ ба дору ва ваксинаи корона дур аз дастрас нахоҳад буд, гуфт: Мутахассисон ва пизишкони кишвар бар асоси мутолиоте, ки дар Эрон анҷом доданд ва бо табодули таҷрибаҳо ва пажуҳишҳои худ бо дигар кишварҳо то ҳудуди зиёде тавонистаанд ба равишҳои рафтории ин вирус ва роҳҳои муқобила бо шуюи он наздик шаванд, ки ин бисёр дорои аҳамият аст.

Руҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба иҷрои тарҳи фосилагузории ҳушманди иҷтимоӣ дар Эрон тасреҳ кард: Ин тарҳ бо мутолиаи сабки зиндагии эронӣ ва бо модели бумӣ ва дар айни ҳол мунтабиқ бар усули мусавваби Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ анҷом мешавад.

Дар тарҳи фосилагузории ҳушманд, ба ҷойи он ки ҳамаи мардум фосилагузории физикӣ  бо бақияро риоят кунанд, афрод, машоғил ва гурӯҳҳои ҷамъиятии кам хатар аз назари ибтило шиносоӣ мешаванд ва фаолияти ин гурӯҳҳо ба тадреҷ аз сар гирифта мешавад ва дигар афрод ва гурӯҳҳо камокон фосилагузории физикиро риоят мекунанд.