Ройзании дубораи Зариф ва Гутерриш дар бораи Яман
(last modified Mon, 13 Apr 2020 05:20:34 GMT )
Апрел 13, 2020 10:20 Asia/Dushanbe
  • Ройзании дубораи Зариф ва Гутерриш дар бораи Яман

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид якшанбешаб дубора телефонӣ дар хусуси охирин таҳаввулоти Яман гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Антонио Гутерриш- дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар ин гуфтугӯи телефонӣ гузорише аз иқдомот ва талошҳои Созмони Миллали Муттаҳид барои тадовуми оташбас дар Яман ироа кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар ин гуфтугӯ зимни ҳимоят аз талошҳои дабири кулли Созмони Миллал барои барқарории оташбас дар Яман ва бо баёни ин ки буҳрони ин кишвар роҳи ҳалли низомӣ надорад, барқарории оташбаси пойдорро муқаддимае барои оғози раванди сиёсии ҳаллу фасли буҳрони Яман хонд.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ироаи гузорише аз талошҳои депломатики Эрон барои ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон ва пешбурди раванди сулҳ дар ин кишвар, ҷузъиёте аз тамосҳои худ бо мақомоти ин кишвар аз ҷумла Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳаниф Атмар ироа кард.

Зариф ва Гутерриш шанбешаб низ дар гуфтугӯе телефонӣ дар хусуси охирин таҳаввулоти Яман ва низ таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон баҳс ва табодули назар карда буданд.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва дабири кулли Созмони Миллал пештар ҳам дар 12 март дар тамосе телефонӣ дар бораи таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон ба гуфтугӯ пардохта буданд.

Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар ин гуфтугӯ зимни ибрози ҳамдардӣ ва ҳамбстагӣ бо миллати Эрон бар лузуми рафъи таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон дар замони шуюи вируси корона таъкид карда буд.