Апрел 15, 2020 09:49 Asia/Dushanbe
  • Раванди нузулии ибтило ба вируси корона дар 16 устони Эрон

Муовини кулли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз раванди нузули (ру ба пойин)-и ибтило ба вируси корона дар 16 устони кишвар хабар дод.

Эраҷи Ҳарирчӣ, муовини кулли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар нишасте тасреҳ кард: Дар 25 дарсади устонҳои кишвар, теъдоди ибтилоии ҷадид ба корона рӯзона байни сифр то 10 нафар ва дар 25 дарсади  дигар ҳам ин теъдод байн 10 то 20 нафар будааст.

Ҳарирчӣ бо баёни ин ки барои нахустинбор дар як моҳи ахир теъдоди фавтиҳо дар Эрон ба камтар аз 100 нафар расидааст, афзуд: Дар саросари кишвар низ раванди ибтилои ҷадид ба корона нисбатан нузулӣ будааст.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то кунун 74 ҳазору 877 нафар дар кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод 48 ҳазору 129 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ҳамчунин баъд аз муддатҳо, теъдоди даргузаштагони бемории КОВИД- 19 дар тӯли як рӯз, ду рақамӣ шуд ва бо фавти 98 бемори дигар дар 24 соати гузашта дар маҷмӯъ аз замони шуюи ин беморӣ дар Эрон то кунун 4 ҳазору 683 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп