Дархости сенатори амрикоӣ барои қатъи таҳримҳои Трамп алайҳи Эрон
Сенатори демократи амрикоӣ аз таҳримҳои ғайриинсонии раиси ҷумҳури Амрико алайҳи Эрон интиқод кард.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Нашнол интрест, Крис Морфӣ- сенатори демократи амрикоӣ бо интиқод аз сиёсатҳои Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико дар бекор накардани таҳримҳои Эрон гуфт: Сиёсатҳои вай муҷиби марги афроди бегуноҳ ба иллати густариши вируси корона хоҳад шуд.
Мофӣ афзуд: Таҳримҳои давлати Амрико иҷозаи ирсоли таҷҳизоти пизишкӣ ва дигар колоҳои башардӯстонаро намедиҳад.
Крис Морфӣ аз ҷумлаи 10 сенатори демократи амрикоӣ аст, ки моҳи гузашта (марти 2020 ) дар номае аз давлати Трамп хост итминон ҳосил кунад, ки Эрон ва Венесуэла метавонанд барои муқобила бо густариши вируси корона таҷҳизоти пизишкӣ ва дигар колоҳои башардӯстона ворид кунанд.
Ба думболи шуюи вируси корона дар ҳафтаҳои ахир дар кишварҳои ҷаҳон ва Эрон, шумори зиёде аз мақомоти кишварҳои мухталиф аз ҷумла Туркия, Русия, Покистон ва Чин хостори бекор кардани таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон шудаанд.
Таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Вашингтон, ки шомили колоҳои асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад, боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми Эрон ба вижа беморони коронаӣ шудааст.