Апрел 16, 2020 16:39 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли маҳмулаи кумакии Ҳинд ба Афғонистон аз тариқи бандари Чобаҳор

Мудири кулли бинодир ва дарёнавардии устони Систон ва Балучистони Эрон гуфт, даҳумин киштии ҳомили гандуми эҳдоии давлати Ҳинд ба Афғонистон бо 5 ҳазор тонна гандум бо паҳлугирӣ дар бандари Чобаҳор (ҷануби шарқи Эрон), дар чаҳор соат тахлия шуд.

Беҳрӯзи Оқоӣ, мудири кулли бинодир ва дарёнавардии устони Систон ва Балучистони Эрон рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд, ин киштӣ, ҳомили 203 дастгоҳ континер бо 5 ҳазор тон гандум аст, ки аз мабдои бандари “Kandla”-и Ҳинд ба мақсади Афғонистон боргирӣ шудааст.

Оқоӣ бо баёни инки ин маҳмула, бо киштии "Нигор"-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба бандари Чобаҳор ҳамл шудааст, тасреҳ кард, маҳмулаи эҳдоии давлати Ҳинд ба Афғонистон, пас аз тахлия, аз тариқи марзи Милак (Milak) ба Афғонистон транзит мешавад.

Абдулғафур Ливол, сафири Афғонистон дар Эрон дар боздид аз раванди тахлияи маҳмулаи гандум бо қадрдонӣ аз Ҳинд гуфт, ҳамкории Эрон дар транзит ва интиқоли ақломи кумакии Ҳинд ба Афғонистон дар шароите, ки ин кишвар бо буҳрони корона мувоҷиҳ аст, қобили тақдир аст.

Аз соли 2018 токунун, кумакҳои башардӯстонаи Ҳинд ба Афғонистон бо 10 киштӣ ба бандари Чобаҳор ҳамл ва аз масири Чобаҳор – Милак ба Афғонистон ирсол шудааст.

Бандари Чобаҳор дар устони Систон ва Балучистон, танҳо бандари уқёнусии Эрон аст, ки дар каронаи дарёи Макрон ва уқёнуси Ҳинд қарор дорад.

Бандари Чобаҳор ба сабаби мавқеияти роҳбурдӣ ва наздиктарин роҳи дастрасии кишварҳои маҳсур дар хушкии Осиёи Марказӣ ҳамчун Афғонистон, Туркманистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба обҳои озод аз аҳамиятм вижае бархӯрдор аст.

 

Барчасп